Тарҷумаи ҳол
Соли 1453 дар оилаи усто Мухаммадхони Сабз тифле ба дунё меояд, ки аз он хурсандии волидайн хадду канор надошт. Падар ба у Шерали ном мегузорад. Мухаммадхон марди хунарманд, бинокору меъмор буд ва зиндагониашон факирона мегузашт. Шерали дар мактаб нагз мехонд, бо сухани устодонаш диккат медод. Натичаи хамин саъю кушиш буд, ки у бисёр илмхои замонаашро ба хуби аз худ кард. У бештар ба забону адабиёт, таърих ва мусики майлу рагбат дошт. Хануз дар айёми мактабхониаш шеърхои хуб менавишт. Пайваста осори адибони гузашта ва муосири худро мутолиа карда, аз бар менамуд. Баъд ба худ тахаллуси Бинои ва Хилолиро интихоб мекунад. Вале у бештар ба тахаллуси Бинои машхур аст. Бинои дар шахри Хирот зиндаги мекард ва дар он рузгор Хирот яке аз марказхои асосии илму адаб ба хисоб мерафт. Бинои яке аз шогирдони бехтарини Абдурахмони Чоми буда, баъдтар дар дарбори Хусайн Бойкаро даъват мешавад. Макоми шухрати Бинои дар байни хосу ом, ахли илму адаб зиёд мегардад.
Ёдам омад, ки бахри касби адаб, Мешудам тифл чониби мактаб. Табъи мавзун маро гаризи буд, Фахми ман дар камоли тези буд. Сар зи ман завки шеър сар мезад, Шеърам аз руи завк сар мезад. Хар чи ру менамуд, мегуфтам, Неку, бад- харчи буд, мегуфтам.
Бинои соли 1487 аз шахри Хирот баромада ба Табриз меравад. Шоир баъд аз чор сол, яъне соли 1491 боз ба Хирот меояд. Вале дар ин вакт Осиёи Миёна ва Хуросонмайдони харбу зарбхои хунин карор гирифта буд. Хучуми Муҳаммад Шайбони ва Шох Исмоили Сафави мамлакатро нотинч ва халкро кашшок гардонид. Бинобар хамин, аввал ба Самарканд меравад ва дар он чо чанд муддат зиндаги мекунад. Тирамохи соли 1512 лашкари Шох Исмоили Сафави бо сардории Начми Сони барои забти Мовароуннахр лашкар кашид. Аз хама вахшонияте, ки ин сардори мутаасиб дар ин кишвар кард, катли оми мардуми Карши буд. Дар ин куштор, ки соли 1512 ба амал омад, Камолиддини Бинои дар катори садхо хазор мардуми бегунох дар айёми чушу хуруши эчоди аз байн рафт.
----------------------------------------------------------------------------
Мероси илмию адабии
Бинои чи дар назму чи дар наср ба мо аз худ мероси бойе гузоштааст. Асархои«Шайбонинома» ва «Футухоти хони». Ин ду асар, асархои таърихи буда, барои равшан намудани бисёр масъалахои таърихи ба муаррихони имруза кумаки калон мерасонад. Касидаи шоир «Мачмаулгароиб», ки соли 1498 навишта шуда, аз 501 байт иборат аст, фазилатхои хуб, донишу истеъдоди баланди Алишер Навоиро ситоиш намудааст:Бинои дар тарики шеър мерафт аз паи Хусрав, Ки дар тарзи газал хамрох шуд тарзи Хасан бо у.Достони «Бехрузу Бахром» дар муддати 10 сол навишта шудааст ва 7702 байтро дар бар мегирад. Адиб ба мукобили хама гуна беадолатихо муборизаи беамон бурда, инсони покро ситоиш намуд. Одамонро ба илмомузи, накукори, пархезкори, поквичдони хидоят кард, ки имруз хам фикрхои тарбияви- ахлокии шоир кимати худро гум накардаанд.Хар китобе, ки буд дар ахлок, Чустан аз хар ки буд дар офок. Бар сару пои он кутуб гаштам, Бар баду неки халк бигзаштам, Чамъ кардам фавоид аз хад беш, Бар гирифтам тарики максади хеш. Касди он доштам, ки ин максад, Сар зи гайб овард ба чайби шухуд? Турфа бадре ачаб зухур кунад, Зулмат аз коинот дур кунад. Сар барорам чу абри найсони… Ки чу махсули ман ба рафъ расад, Хушачин аз у ба нафъ расад..
-------------------------------------------------
Аз достони «Беҳрӯз ва Баҳром»
Дар таърифи Гулчеҳр, ки чун сипеҳри ягонаи офоқ буд
Модари он арӯси некахтар, Дод з-ин гунна зинати духтар. Ки бағоят расид чун Гулчеҳр, Ғайрати моҳ гашту ҳасрати меҳр. Чун расид он парӣ ба чордаҳ сол, Гашт чун моҳи чордаҳ ба камол. Ғуррае ҳамчу сими хом ӯро, Туррае ҳамчу «ҷим»-у «лом» ӯро, Ғурра чун чеҳраи суман дилҷӯй, Турра чун нофаи Хутан хушбӯй. Даст бар офтоб агар меёфт, Панҷаи офтоб барметофт. Дода гесӯш мушкро дар тоб, Шуда з-он тоб мушки соро ноб. Буд бар фарқи мӯйи ӯ меъҷар, Шабнами хушк бар бунафшаи тар. Оби софе тани чу мармари ӯ, Мавҷи он оби Чин меъҷари ӯ. Меъраҷаш чун муҷарра гардунсой Гавҳараш чун ситора ройнамой,
--------------------------------------------------------------------------
Аз ғазалиёт
З-он меравам зи куяш маст аз шаробхона, То вақти бехудиҳо мастӣ бувад баҳона. Дар хоб шуд чу гуфтам бо ӯ фасонаи ғам, З-он рӯ, ки ҳаст ӯро ғамҳои ман фасона. Берун мабар зи куяш, эй зоғ устухонам, Шояд хаданги ӯро рӯзе шавад нишона. Мебуд мардумонро аз заҳри чашм роҳат, Гар чашми ӯ намешуд, сарфитнаи замона, Лутфат ба дигарон аст, қаҳри ту бо Биноӣ, Инро, ки бо ту гуфтам, худ гӯӣ, ҳаст ё на?
Эй чашми маро дода гули руи ту обе, Гесуи ту дар гардани ҷон карда танобе, Бикшо гираҳ аз кокули мушкин, ки кушояд, Аз риштаи ҷони мани савдозада тобе. Имрӯз туӣ ганҷи малоҳат, ки туро ҳаст, Ҳамчун мани вайроншуда ҳар гӯша харобе. Аз чеҳра давидаст арақ бар лаби лаълат, Ё шарбати қанд аст, муаттар ба гулобе? Шарманда шуд аз рӯйи ту шамъ, аз пайи он баст, Бар рӯйи худ аз пардаи фонус ниқобе. Дорам чу Биноӣ қадаҳи дида пур аз хун, К-аз чашми ту дорад ҳаваси бодаи нобе.
Комментариев нет:
Отправить комментарий